ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Бо супориши президенти кишвар Эмомали Раҳмон дар Тоҷикистон Кодекси меҳнат дар таҳрир қабул гардид, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба сухангӯи парлумон Муҳаммадато Султонов.
"Кодекси меҳнат тартиби танзими меҳнатии соҳибкорони хусусӣ, ашхосе, ки дар хона машғул ба кор ҳастанд, меҳнати фосилавӣ, вакилони палатаи поёнии парлумон, кормандони сохтори дипломатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои қудратии кишвар возеҳ ифода ёфтанд",-гуфт вазири Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода, зимни муаррифии лоиҳаи қонун.
Мувофиқи яке аз муқаррароти ҷадид дар сурати ҳозир шудани коргар ба кор дар ҳолати сархӯшӣ корфармо ҳуқуқ дорад ӯро аз музди меҳнат маҳрум намояд.
Дар баробари ин мутобиқи меъёрҳои кодекси қабулшуда, шартномаҳои меҳнатие, ки бидуни розигии волидон бо наврасон баста шуданд, беэътибор дониста мешаванд. Сарфи назар аз шакли моликият ҳамаи корфармоҳо ӯҳдадор мешаванд, на камтар аз ду маротиба дар як моҳ ба коргарон музди меҳнат пардохт намоянд.
Ҳамчунин дар мувофиқа бо муқаррароти ҷадид кормандоне, ки дар корхонаҳои истеҳсоли зараровар фаъолият мекунанд, минбаъд бояд аз ҳисоби корфармо бо сару либос, пойафзол, воситаҳои гигиенӣ ва ғизои парҳезӣ таъмин карда шаванд.