ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Дар истгоҳҳои метрои Санкт-Петербург амалиёти боздошти оммавии муҳоҷирон гузаронида шуд, иттилоъ медиҳад "Фонтанка" бо такя ба Хадамоти муҳоҷирати меҳнатии Санкт-Петербург.
Дар пайи амалиёти вижа 79 муҳоҷири меҳнатӣ дастгир градиданд.
"Сабаби қонуншиканӣ-надоштани бимаи тиббӣ, (ҳангоми вуруд ба қаламрави Русия бояд ҳар як шаҳрванди хориҷӣ суғуртаи тиббӣ харидорӣ намояд) гуфта мешавад. Дар "Парнас" 46 қонуншикан ва дар истгоҳи метрои "Девяткино"-33 нафар боздошт гардиданд",-иттилоъ доданд дар Хадамоти муҳоҷират.
Дастгиршудагон бояд 5000 рубли русӣ ҷарима супоранд.
Ин дар ҳолест, ки чанде қаблан Вазорати тандурустии Федератсияи Русия дар барои вуруди муҳоҷирон бидуни бимаи тиббӣ, ки ба гуфтаи бимакунандагон на кам аз 10 ҳазор рубли русӣ нарх дорад, пешниҳод кард. Тағйиру иловаҳоро ба қонун "Дар бораи тартиби баромадан аз ФР ва вуруд ба Русия" мақомот ба муҳокимаи умумӣ вогузошт. Дар сурати қабули қонун миллионҳо шаҳрвандони хориҷӣ зарар хоҳанд дид.
Ба гуфти роҳбари Бунёди рушди муносибатҳои байналмиллалии "Добрососедство" Юрий Московский, бо сабаби манъи вуруди шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба Русия бидуни бимаи тиббӣ, муҳоҷирон аз сафар худдорӣ мекунанд, ё ба "соя" мераванд.