ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Гурӯҳи ҳунармандони сирки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳунарнамоӣ кардан ба давлатҳои хориҷа даъват шудаанд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.
Ҳамин тавр ҳафт нафар сиркбозони тоҷик дар фестивал иштирок мекунанд. Ҷашнвора аз ҷониби ширкати байналмиллалии Миср оид ба ҳунари сиркбозон рӯзи 20 июн баргузор мегардад.
Дар баробари ин дар доираи барномаи Байналмиллалии сиркӣ ҳунармандони тоҷик дар Арабистони Саудӣ баромад мекунанд. Дар аввалҳои моҳи июли соли равон ҳунармандон аз Русия, Итолиё, кишварҳои Африқо ва дигар манотиқи ҷаҳон ҳунари худро пешкаши тамошобинон мекунанд.