ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Сарфи назар аз манъи вуруди нақлиёт ва шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Тоҷикистон ба қаламрави Узбакистон нуқтаҳои марзбонии Тоҷикистону Узбакистон дар ҳолати муқаррарӣ кор мекунанд, иттилоъ дод хадамоти матбуотии Сарраёсати қушунҳои сарҳадии ҶТ.
"Дар ҳоли ҳозир ҳамаи гузаргоҳҳои марзбонии Тоҷикистону Узбакистон аз ҷониби Тоҷикистон дар низоми муқаррарӣ кор мекунанд. Узбакистон ба Тоҷикистон дар бораи манъи вуруди нақлиёт ба қаламравашро дар бастагӣ бо баргузории ҷаласаи СҲШ пешакӣ хабар дода буд",-изҳор дошт сухангӯи дафтари матбуотии ҷумҳурӣ Муҳаммад Улуғхоҷаев.
Қабалан хабар дода шуд, ки Узбакистон шурӯъ аз 15 июн то 25 июн вуруди шаҳрвандон ва нақлиётро аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон ба қаламрави кишварраш мамнӯъ кардааст.
Ин маҳдудият ба сокинони ноҳияи Кара-Сӯи вилояти Ош дахл надошта онҳо метавонанд, чун ҳамешагӣ марзи давлатии Қирғизистон ва Узбакистонро убур намоянд.
Қаблан хабар дода шуд, ки ВКД-и Узбакистон ва мақомоти мубориза бар зидди терроризм барои таъмини амният дар давраи нишасти сарони СҲШ чорабиниҳои махсус доир мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон аъзои комилҳуқуқи СҲШ буда, Белорус, Муғулистон, Ҳиндустон, Покистон ва Афғонистон мақоми нозири созмонро дороанд. Дар аввоили моҳи июни соли равон раванди воридшавии Ҳиндустон ва Покистон ба СҲШ оғоз мегардад.
Макони ташкили нишасти сарони кишварҳои СҲШ аз шаҳри Уфаи Русия ба Узбакистон интиқол ёфт. Вохӯрии сарони кишварҳои СҲШ рӯзҳои 23 ва 24-уми июн дар Тошканд дар назар аст.