CПАД самбочиёни тоҷикро ба хизмати ҳарбӣ омода месозад. Дар Маскав

© Sputnik / Варвара Гертье / Гузариш ба медиабонкСабқат оид ба самбо. Акс аз бойгонӣ
Сабқат оид ба самбо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Маскав ҷашнвораи байналмиллалии наврасон оид ба самбо барои дарёфти ҷоизаи СПАД баргузор мегардад. Дар мусобиқаҳо, ки то 20 июн идома меёбанд, зиёда аз 70 варзишгар аз 6 кишвари аъзои СПАД иштирок мекунанд.

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар  якҷоягӣ бо Федератсия самбои Русия дар Маскав фестивали байналмиллалии наврасонро оид ба самбо доир менамояд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии Федератсияи самбои Русия.

Маросими ифтитоҳи фестивал рӯзи 17 июн дар қасри варзиши ба номи Иван Яригин баргузор мегардад. Қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон моҳи октябри соли 2016 дар Руминия гузаронида мешавад.

"Мақсад аз баргузории фестивали варзишӣ оммавӣ гардонидани намуди варзиши самбо ва омода намудани наврасон ба хизмат дар қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзои СПАД мебошад",-омадааст дар иттилоия.

Ҳамин тавр дар мусобиқаҳо оид ба самбо зиёда аз 70 варзишгари 6 кишвари аъзои СПАД: Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Русия ва гурӯҳи шаҳри Маскав иштирок мекунанд.

Ҳамчунин гузаронидани тренинг-омӯзишҳо аз ҷониби устодони варзиш барои самбочиёни наврас дар назар аст.

"Самбо дар худ намунаҳои беҳтарини бозиҳои анъанавиеро, ки дар қаламрави кишварҳои аъзои СПАД рушд доранд, ҷамъ кардааст. Самбо —ин таърихи ҳамаи мост. Фестивали байналмиллалӣ бошад, нишони рушди ҳамкориҳои миёни давлатҳои СПАД мебошад",-изҳор дошт раиси Кумитаи ташкилоти фестивал, вакили Думаи давлатӣ Анатолий Виборний.

Лентаи хабарҳо
0