Вохӯрии 70-уми шӯрои вазирони мудофиаи ИДМ дар Маскав

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкВазорати мудофиаи ФР. Акс аз бойгонӣ
Вазорати мудофиаи ФР. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар рафти ҷаласаи 70-уми шӯро татбиқи Консепсияи ҳамкориҳои низомии кишварҳои ИДМ то соли 2020 ва ҳамчунин фаъолияти муштарак дар соли 2017 ва баррасии лоиҳаи Консепсияи мудофиаи ҳавоии давлатҳои аъзои ИДМ дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Ҷаласаи 70-умини шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) рӯзи чоршанбе дар Маскав баргузор мегардад, хабар медиҳад хадамоти матбуотӣ ва иттилоотии Вазорати мудофиаи Русия.

"Дар рафти ҷаласа70-уми шӯро татбиқи Консепсияи ҳамкориҳои низомии кишварҳои ИДМ то соли 2020 ва ҳамчунин фаъолияти муштарак дар соли 2017 ва баррасии лоиҳаи Консепсияи мудофиаи ҳавоии давлатҳои аъзои ИДМ дар назар аст",-омадааст дар иттилоия.

Вазорати мудофиаи ФР ҳамкориҳои низомиро бо ИДМ тақвият медиҳад

Натиҷаи мулоқот қабули якқатор қонунҳо оид ба фаъолияти муштараки низомии кишварҳои ИДМ хоҳад гардид. Аз ҷумла  қонунҳо ба рушди мудофиаи муштараки ҳавоӣ, ҳамкориҳои хадамоти ҳифзи сирри давлатӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи назорати вазъияти радиосионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ  равона мегардад.

Ҳамкориҳои низомӣ ва ҳарбӣ-техникӣ дар рафти вохӯрии дуҷонибаи вазирони мудофиаи кишварҳои ИДМ, ки дар доираи ҷаласаи шӯро сурат мегирад, баррасӣ хоҳад шуд. Дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои мудофиаи Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0