Шаҳри Хуҷанд “Водии имкониятҳо”-ро пешниҳод мекунад

© Sputnik / Фируз УмарзодаПарчам дар шаҳри Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ
Парчам дар шаҳри Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ярмаркаи ду рӯза маҳсулоти Русия, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Белорусия ва ҳамчунин мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо ба намоиш гузошта мешаванд.

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд ярмарка-намоиши байналмиллалии "Суғд-2016. Водии имкониятҳо" (Долина возможностей) баргузор мегардад, иттилоъ дода мешавад дар торномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.

Ярмарка-намоиш рӯзҳои 17 ва 18-уми июн доир мегардад.

Ба намоишгоҳ намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, доираҳои соҳибкории дигар манотиқи Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

"Дар ярмарка истеҳсолкунандагон ва кордорони соҳаи кишоварзӣ, намояндагони соҳаҳои гуногуни Қазоқистон, Федератсия Русия, Чин, Қирғизистон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Белорусия ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо иштирок мекунанд",-омадааст дар иттилоия.

Иштирокчиёни ярмарка-намоиш метавонанд маводи озуқа, нӯшокӣ, маҳсулоти минералӣ, маводҳои кимиёвӣ, маҳсулотҳои фармасевтӣ, техникаи тиббӣ, саноати бофандагӣ, пойафзол, сарпушҳо, маҳсулотҳои сохтмонӣ, таҷҳизоти барқӣ ва ғайраҳоро харидорӣ намоянд.

Лентаи хабарҳо
0