Бо рақобати Фаронса-Руминия имрӯз Чемпионати Аврупо оғоз мегардад

© Sputnik / Ирина Калашникова / Гузариш ба медиабонкОмодагӣ ба Чемпионати Аврупо дар Порис. Акс аз бойгонӣ
Омодагӣ ба Чемпионати Аврупо дар Порис. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз соати 00:00 ба вақти Душанбе дар Порис Чемпионати Аврупо оид ба футбол оғоз мегардад. Бозии ифтитоҳии қаҳрамонӣ бо рақобати дастаҳои Фаронса-Руминия баргузор мегардад. Фаворитҳои мусобиқа мизбобони сабқат-фаронсавиҳо дониста мешаванд.

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Қаҳрамонии 15-уми Аврупо дар варзишгоҳи машҳури  Фаронса "Стад де Франс" соати 00:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Қаҳрамонӣ аз 10-уми июн шӯрӯъ шуда то 10 июл идома мекунад.

Қаҳрамонии имсола аз дигар солҳо бо он фарқ мекунад, ки дар он бори нахуст 24 даста иштирок мекунанд. Қонун дар бораи зиёд намудани шумораи тимҳо аз ҷониби Кумитаи иҷроияи (УЕФА) соли 2008 қабул гардид.

Ҳамаи дастаҳо ба шаш гурӯҳ, ки ҳар яки онҳо аз чор дастаӣ иборат мебошад, тақсим шудаанд. Дар бахши плей-офф дастаҳое, ки ҷойҳои 1 ва 2-юмро дар гурӯҳашон гирифтаанд, ҳамчунин чор дастае, ки мақоми сеюмро ишғол кардаанд, рақобат мекунанд.

Дар қаҳрамонии қаблӣ, ки соли 2012 баргузор  шуд, дастаи Испания Чемпиони Аврупо гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0