ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Рӯзи ҷумъа, 10 июн дар Душанбе ҷаласаи 49-умини Шӯрои электроэнергетикии ИДМ оғоз мегардад, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Дар ҷаласа вазири энергетикии Русия Александр Новак, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмонали Усмонзода, муовини вазири эенергетика ва захираҳои табиии Арманистон Вардан Геворгян, муовини аввали вазири энергетикаи Белорусия Леонид Шенетс, вазири энергетикаи Қазоқистон Канат Бозумбаев, муовини вазири иқтисоди Қирғизистон Туратбек Джунушалиев иштирок мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа баррасии масъалаҳои таҷрибаи Молдова оид ба коҳиши талафоти нерӯи барқ дар шабакаҳои интиқоли низоми энергетикӣ, техникаи бехатарӣ зимни истифодаи таҷҳизоту дастгоҳҳои барқӣ, санҷиши омодагии корхонаҳои бахши энергетикии кишварҳо ба мавсими ояндаи тирамоҳу зимистон, таҳияи асноди меъёрии техникӣ дар соҳаи метрологияи андозагириҳои электрикӣ ва баҳисобгирии нерӯи барқ дар назар аст.
Ҳамчунин қайд мегардад, ки доир ба ҳамкориҳо дар доираи Шӯрои мазкур ва дар доираи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиёи ва Уқёнуси Ором барои солҳои2016-2018 ва чорабиниҳои Шӯрои электроэнергетикии ИДМ дар соли 2017 табодули назар сурат мегирад.