ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Кормандони тафтишоти ҷиноятӣ ва ОМОН 17 муҳоҷирро аз Осиёи Марказӣ дар яке аз бинои кооперативии Маскави Нав дастгир намуда, онҳоро барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид, иттилоъ медиҳад Идораи марказии ВКД-и Маскав.
"Дар пайи гузаронидани амалиёти фаврӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони тафтишоти ҷиноятии Маскав дар якҷоягӣ бо Хадамоти федеролии Гвардияи миллӣ дар яке аз биноҳои Маскави Нав 17 нафар бо иттиҳоми қонунвайронкунӣ дастгир шуда, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд",-омадааст дар иттилоия.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ маълум карданд, ки ин биноро барои зисти муҳоҷирон яке аз соҳибони кооператив додааст. Нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, мувофиқи моддаи ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ӯ панҷ соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Амалиётҳои вижа дар ҳоле гузаронида шуданд, ки охирҳои моҳи май сардори милитсияи минтақавии Маскави Нав ва муовинаш аз кор сабукдӯш гардида буданд. Сардори милитсияро барои адои нопурраи вазифааш аз кор сабукдӯш карданд. Зимни қабули қарори дахлдор сардори пулиси пойтахт Анатолий Якунин гузаронидани амалиётҳои вижа оиди тафтишоти минтақавии Маскави Навро пешниҳод намуда буд.
Бино ба иттилоъи ВКД-и Русия муноқиша ва задухурди мусаллаҳонаи муҳоҷирон бо як гуруҳи ҷинояткорон дар гӯристони "Хованское" миёнаҳои моҳи май ба вуқӯъ пайваста, дар он зиёда аз 200 нафар иштирок намуданд. Аснои амалиёти пулис беш аз 90 нафар дар робита ба қазия дастгир гардиданд. Дар пайи ин ҳодиса, 3 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 23 нафар дар беморхона бистарӣ гардиданд.