ДУШАНБЕ, 9 июн —Sputnik. Ҷангиёни гурӯҳи террористии "Ҷабҳа ан-Нусра" дар ноҳияи Майдани шаҳри Алеппо ба сӯи бозор тир холӣ карданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба Маркази сулҳи ҷонибҳо дар Сурия.
"Дар пайи тирборон кардани бозор аз ҷониби гурӯҳи террористии "Ҷабҳа ан-Нусра" 5 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 50 тани дигар захмӣ гардиданд",-изҳор дошт намояндаи Марказ.
Ба қавли ӯ ин ҳодисаи аввалин нест, ки гурӯҳи террористии "Ҷабҳа ан-Нусра" маҳз ба нуқтаҳои хизматрасонии оммавӣ бо мақсади зиёд намудани шумораи қурбониён ҳуҷум мекунанд. Ҳамчунин дар давоми шабонарӯз дар нуқтаҳои аҳолинишини Фуаа, Ард-эл-Вата ва Раша тирзанӣ ба вуқӯъ пайваст.
Қаблан хабар дода шуд, ки сарфи назар аз оғози моҳи шарифи Рамазон, гурӯҳҳои террористӣ нуқтаҳои аҳолинишин, қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Сурия ва кормандони ҳифзи ҳуқуқи курдиро ҳамоно оташборон мекунанд. Шумораи қурбониён миёни аҳолии ғайринизомӣ афзуда истодааст.
Низоми оташбас дар Сурия рӯзи 27-уми феврал эълом шуда буд. Созиш ба гурӯҳҳои дар Тоҷикистон ва дигар мамолики ҷаҳон мамнӯъ чун "Давлати Исломӣ", "Ҷабҳа ан-Нусра" (воҳиди Суриягиаш "Ал-Қоида") ва дигар созмонҳои тундрав, ки аз ҷониби Шӯрои Амнияти СММ ҳамчун гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша дониста шудаанд, дахл надорад.