ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар Душанбе намоиши аксҳои "Русия имрӯз" (Россия сегодня) бахшида ба Рӯзи Русия ифтиттоҳ гардид, иттилоъ медиҳад сафорати ФР дар Тоҷикистон.
Намоишгоҳ за ҷониби сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ва намояндагии Россотрудничества дар ҷумҳурӣ ташкил гардидааст.
Дар маросими кушодашавии намоиш сафирони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Узбакистон ва Британия, намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, роҳбарони вазоратҳо ва дигар ташкилотҳо иштирок карданд.
Ба гуфти сафири ФР Игор Лякин-Фролов, имрӯзҳо Рӯзи Русия рамзи ваҳдати миллӣ, таҷассумгари масъулияти умумии мардум барои имрӯз ва ояндаи ватан мебошад.
Зиёда аз 80 акс бахшида ба ин рӯз ба намоиш гузошта шудаанд. Дар аксҳо меъмории маъбади нодири шаҳрҳои Русия, гӯшаҳои зебоманзари ин кишвар, меъмории зебои Маскави ҳозира ва Санкт-Петербург, табиати нотакрори Шимоли дур, ҳаёт ва анъанаҳои аққалиятҳои хурди Русия, арбобони намоёни илму фарҳанг, варзиш ва ҳамчунин мардуми оддии шаҳрҳои гуногуни Русия дарҷ гардидаанд.
"Аксҳое, ки аз ҷониби Ҷамъияти ҷуғрофӣ (табиати Шимоли Русия ва Сибир) ва ҳамчунин суратҳои корманди шоистаи фарҳангӣ, наворбардори машҳури Тоҷикистон, ғолиби озмунҳо ва фестивалҳои гуногун Заур Рустамович Дахте ба маркази илм ва фарҳанги Душанбе тӯҳфа гардидаанд, дар намоишгоҳ ҷои махсуси худро доранд",-омадааст дар иттилоия.
Намоишнома аз рӯзи 4-уми июн то 30 ҳамин моҳ давом карда, хоҳишмандон метавонанд ҳамарӯза аз соати 9:00 то 17:00 аз он дидан кунанд. Даромад озод аст.
Рӯзи Русия-ҷашни давлатӣ буда, ҳамасола 12 июн бахшида ба Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии ФР, ки соли 1990 қабул гардидааст, ҷашн гирифта мешавад.