Дар Душанбе 7 хонандаи мактабро бо иттиҳоми авбошӣ дастгир намуданд

© wikimedia.orgМошини пулис. Акс аз бойгонӣ
Мошини пулис. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хонандагони синфҳои 9 ва 11-и яке аз мактабҳои пойтахт, занозанӣ карда дар натиҷа чор нафари онҳо бо захмҳои гуногун ба табобатхона оварда шуданд.

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ 7 нафар муҳассили мактабро дастгир намуданд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Вазорати Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Хонандагони синфҳои 9 ва 11-и яке аз мактабҳои пойтахт ва як нафари дигарро, ки дар ягон ҷой таҳсил намекард дар авбошӣ мутаҳҳам медонанд.

"Гумонбаршудагон тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, якдигарро лату кӯб кардаанд"-омадааст дар иттилоия.

Бар асари занозанӣ чор хонанда бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ гардиданд.

Феълан аз рӯи ҳодисаи ҳуқуқвайронкунӣ тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0