Соҳибкорони тоҷик 75%-и ҳосили зардолуи Боткандро мехаранд

© Sputnik / Валерий Левитин / Гузариш ба медиабонкМеваҳои хушк. Акс аз бойгонӣ
Меваҳои хушк. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раззоқов ҳамчунин зикр кардааст, ки онҳо бо тоҷирони рус ҷиҳати дар маҳалҳо коркард шудани хушкмева тавофуқ ҳосил кардаанд, то ки он ба бозорҳои Русия равона гардад.

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Ботканд  Жениш Раззоқов зимни вохӯрӣ бо журналистон  изҳор доштааст, ки 75%-и ҳосили зардолуи минтақаро соҳибкорони тоҷик барои коркарди минбаъда харидорӣ менамоянд, менависад хабаргузории ИА.24.kg

Ба қавли манбаъ, дар вилояти Ботканд дар як сол 20 ҳазор тонна ҳосили зардолу ба даст оварда шуда, вале бинобар сабаби дар сатҳи рушди кофӣ қарор надоштани саноати коркард дар ин соҳа, қисмати зиёди он дар шакли ашёи хом ба хориҷи кишвар бароварда мешавад.

"Мутаассифона, мо соҳибкороне надорем, ки миқдори зиёди коркарди хушкмеваро мунтазам ба роҳ монанд", — илова кардааст Раззоқов.

Бозори Шоҳмансур. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
“Магнит” истеҳсолкунандагони Тоҷикистонро ба худ ҷалб менамояд

Намояндаи расмии ҳукумати ҶҚ дар Ботканд гуфтааст, ҳукумати вилоят бо дастгирии созмони ЮСАИД барои ду соҳибкор аз Туркия таҷҳизоти шустушӯ, навъбандӣ ва ҷобаҷокунии хушкмеваро харидорӣ намуда, вале онҳо имрӯз барои роҳандозии фаъолият ва рушди он, воситаҳои гардиш надоштаанд ва аз ин рӯ, ҳаҷми коркарди маҳслоти онҳо аз 5 тонна зиёдтар нест.

"Супермаркетҳои Русия ба харидории маҳсулоти мо омодаанд, вале ба онҳо давоми тамоми сол 100 тонна ҳар моҳ маҳсулот пешниҳод кардан зарур аст. Як соҳибкор аз уҳдаи иҷрои ин кор намебарояд, зеро ба онҳо воситаҳои гардиш намерасад",- қайд кардааст ин масъули ҳукумати Қирғизистон.

Лентаи хабарҳо
0