ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо вазири врзиши ФР Виталий Мутко вохӯрд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии сафорат.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин муовини аввали федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзоев иштирок кард.
Ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баррасӣ намуданд, ки метавонад ба боз ҳам наздик шудани халқ ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои байни ду кишвар мусоидат намояд.
Иштирокчиён ҳамчунин масъалаи ба имзо расонидани меморандум дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро муҳокима карданд.
"Интизор меравад, ки меморандум дар ҷаласаи навбатии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши иштирокчиёни Созишнома дар бораи тарбияи ҷисмонии кишварҳо-аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки рӯзҳои наздик баргузор хоҳад шуд, ба имзо мерасад",-омадааст дар иттилоия.
Ҳуҷҷати мазкур бахшҳои зеринро дар бар хоҳад гирифт: варзиши олӣ, варзиши оммавӣ, варзиши маъюбон, варзиши кӯдакон ва наврасон, мубориза бар зидди допинг ва гузаронидани мусобиқаҳои бузурги варзишӣ.