Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбедоир гардид. Ба тамошои футбол зиёда аз ҳашт ҳазор тамошобинон ҷамъ омаданд.
Аллакай дар дақиқиа 19-ум тими Тоҷикистон ҳисобро кушода, то танаффус ба дарвозаи ҳариф боз ду тӯби дигар ворид намуд. Дар марҳилаи дуюми бозӣ тими миллӣ дастаи Бангладешро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикат дод.
Ин аввалин дидори расмии мунтахаби Тоҷиикстон таҳти роҳбарии сармураббии Ҳаким Фузайлов дар доираи бозиҳои плей-оффи Қаҳрамонии Осиё-2019 ба шумор меравад.

1/13
© Sputnik
Дар вохӯрии тими миллии Тоҷикистон ва Бангладеш зиёда аз ҳашт ҳазор тамошобинон ҷамъ омаданд.

2/13
© Sputnik
Мухлисони футбол ба тамошои бозӣ омода мешуданд.

3/13
© Sputnik
Мухлиси ашадӣ бо расми рангҳои парчами кишвар.

4/13
© Sputnik
Доварон ва бозингарон ба майдон мебароянд.

5/13
© Sputnik
Бозӣ хеле муваффақона шурӯъ шуд, тими Бангладеш аз аввали бозӣ каме ақиб монд.

6/13
© Sputnik
Чанд вақт гузашту тими Тоҷикистон аллакай дар назди дарвозаи ҳариф бозӣ мекард.

7/13
© Sputnik
Муқовимат шадидтар мешавад.

8/13
© Sputnik
Мухлисон аз бозӣ ҳаловат мебаранд.

9/13
© Sputnik
Мухлисони тоҷик бо акси муҳофизгари "Помир"-и Душанбе Геннадий Черевченко.

10/13
© Sputnik
Яке аз бозингари тими миллӣ захмдор шуд.

11/13
© Sputnik
Ба дарвозаи меҳмонон тӯбҳо пай дар пай ворид мегарданд.

12/13
© Sputnik
Манучехр Ҷалилов ба бозингарони тими Бангладеш мастер-класс нишон медиҳад.

13/13
© Sputnik
Меҳмонон дар майдони разм муборизаро идома медоданд, вале ин барои ҳисобро ба 5:0 баробар кардани мунтахаби миллӣ монеъа нашуд.