ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Сафири навтаъини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон Зоҳир Саидов, ки қароргоҳаш дар шаҳри Боку аст, эътиборномаи худро ба президенти Гурҷистон Георгий Маргвелашвили супорид, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии ҶТ.
Аснои супоридани эътимоднома, сафир паём ва таманиёти раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба президенти Гурҷистон расонида, таъкид намуд, ки сарвари давлати Тоҷикистон ба кишвар ва мардуми дӯсти Гурҷистон сулҳу оромӣ ва рушду шукуфоӣ орзу карда, хостори густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар мебошад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили умдаи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҳарду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид карданд, ки робитаҳои Тоҷикистону Гурҷистон дар заминаи боварии мутақобила ва наздикии мавқеъҳо густариш меёбад.