Толеъ Холназаров ба чи кор машғул аст?

Обуна шудан
Айни ҳол Холназаров гурӯҳи варзишгаронро ба бозиҳои параолимпӣ омода менамояд. Дар муддати на онқадар тӯлонӣ шогирдони ӯ чандин маротиба қаҳмони АМА ва дорандаи ҷоизаҳои мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ шудаанд.

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik.  Варзишгари номдори тоҷик вазнбардор Толеъ Холназаров, айни замон дар Аморати Муттаҳидаи Араб қарор дорад ва варзишгарони ин кишварро ба Бозиҳои параолимпии-2016 тайёр мекунад.

Чандин солҳо ба Холназаров аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон пешниҳоди кор шуда буд. Соли 2012 ӯ яке аз чунин пешниҳодҳоро қабул карда, ба АМА сафар кард. Баъди чанде ӯ оилаи худро низ ҳамроҳаш бурд, вале онҳо боз ба Тоҷикитсон баргаштанд.

Сабқати вазнбардорӣ: рақобат бо нерӯ

Айни ҳол Холназаров ба омода намудани варзишгарони ин кишвар ба Бозиҳои параолимпӣ дар риштаи вазнбардорӣ машғул аст. Дар муддати на онқадар тӯлонӣ шогирдони ӯ чандин маротиба қаҳмони АМА ва дорандаи ҷоизаҳои мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ шудаанд.

Боиси ёдоварист, ки Толеъ Холназаров корро дар риштаи вазнбардорӣ дар АМА аз аввал шурӯъ кард. Дар муддати нисбатан кӯтоҳи фаъолияташ ӯ тавонист ин намуди варзишро дар АМА рушд диҳад ва бо шогирдони худ ба натиҷаҳои назарраз ноил гардад. Ҳадафи асосии ӯ ба Бозиҳои параолимпии 2016 баровардани варзишгарон буд.

Сараввал дар нақша танҳо як соли корӣ буд, вале баъдтар шартномаи навбатӣ то бозиҳои параолимпӣ аз ҷониби Холназаров ба имзо расид. Шогирдони ӯ аввалин маротиба ба Бозиҳои параолимпӣ роҳ ёфтанд ва айни замон Толеъ Холназаров ба омода намудани онҳо ба ин мусобиқаи ҷиддӣ машғул аст. Нашқаҳои ояндаи мураббӣ ҳоло маълум нестанд, ҳамааш аз натиҷаҳои Бозиҳои параолимпӣ вобаста  аст.

Лентаи хабарҳо
0