Духтари тоҷик дар озмуни зебоӣ барандаи унвони “Бонуи боиффат” шуд

Обуна шудан
Тайи чанд моҳи ахир ба ин бонувон, ки ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфта буданд, гуруҳи коргардонҳо, мураббиёни рақс ва устодони сухан дарси маҳорат медоданд.

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Дар озмуни зебоӣ ва истеъдоди "Марвориди ҷаҳон-2016", ки дар шаҳри Қазон баргузор гардид, намояндаи Тоҷикистон Зарина Мирзоева соҳиби унвони "Маликаи иффат" гардид.

Ин ҷашнвора на фақат озмуни зебоӣ ва комёбиҳои эстетикӣ, балки санҷиши маҳорату истеъдодҳо низ маҳсуб меёбад.

Ҳар як иштирокчӣ бояд ба ҳакамон барномаи эҷодии худро пешниҳод мекард, ки он ба анъанаҳои миллӣ рабт дошта бошад.

Бо иштирокчиёни озмун, ки ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта буданд, чанд моҳ боз хореографҳо, коргардонон ва мураббиёни варзида дарси суханронӣ ва малакаҳои ҳунарнамоиро омӯзониданд.

Ҳамин тавр, дар даври ниҳоӣ намояндагони 30 кишвари ҷаҳон ба саҳна баромаданд.

Мувофиқи натиҷаҳои ҷамъбастии озмун донишҷӯи Донишгоҳи федералии Қазон Сабина Мусоева аз Ӯзбакистон соҳиби унвони "Марвориди ҷаҳон-2016" гардида, намояндаи Тоҷикистон Зарина Мирзоева барандаи ҷоизаи вижаи "Бонуи боиффат" эълон шуд.

Лентаи хабарҳо
0