ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Китоби "Бо дастони худ", ки дар бораи фарҳанг ва таърихи ошпазии Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон таълиф гардидааст, беҳтарин китоби ошпазии сол эътироф шудааст.
"Дар гирди оташдон дар хонае дар рустои Мун, воқеъ дар водии Ғунди Помири Тоҷикистон модаркалоне барои мо аз анвои ғизоҳое ном бурд. Ба зудӣ тамоми афроди хонавода гирди ҳам омаданд, то ба қиссаҳои ӯ гӯш диҳанд. Вақте ҳикоёти ӯ поён ёфт вай аз мо дархост кард, ки дастури ошпазии ӯро дар китобе дарҷ намоем то битавонад ёдвораҳояшро барои набераҳояш ба ёдгор бигузорад",- омадааст дар муқаддимаи китоб.
Ин асар ба қалами мардумшиносон — Фредрик ван Оуденҳовен ва Ҷамила Ҳайдар таалуқ дошта, дар байни 300 асари илмӣ-оммавӣ дар Ҷумҳурии Чин ҷоизаи "Gourmand"-ро ба худ ихтисос додааст.
Муаллифони китоби "Бо дастони худ" 7 сол қабл ба Бадахшон сафарҳои мутолеотӣ анҷом дода, соли 2011 тасмим мегиранд, натиҷаи онро дар шакли як китоби кӯчак пешниҳод намоянд, аммо такмилу тарҷума ва нашри ин асар ҳудуди 4 сол тӯл мекашад.