Аз 1-июл дар Тоҷикистон нафақа, маош ва идрорпӯлӣ зиёд мешавад

© Sputnik / / Игорь ЛекаркинҲисоби маблағ.Акс аз бойгонӣ
Ҳисоби маблағ.Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёдовар мешавем, ки бори охир музди меҳнат, нафақа ва кӯмакпулӣ дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2013 боло бурда шуда буд. Ваъдаи ҳукумат дар бораи боло бурдани он аз 1 сентябри соли 2015 бо сабаби нокифоя будани маблағи буҷаи ҳукумат иҷро нагардид.

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон шурӯъ аз аввали моҳи июл музди меҳнат, нафақа ва идрорпӯлӣ барои кормандони бахшҳои буҷавӣ баланд бардошта мешавад, иттилоъ доданд дар Вазорати молияи кишвар.

Қарор дар бораи баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва кӯмакпӯлӣ аввали соли 2016 аз ҷониби президенти кишвар Эмомали Раҳмон қабул гардид.

Мӯйсафеде дар боғи Душанбе пули худро меҳисобад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати молия: эҳтимол дорад афзоиши маош дар кишвар ба таъхир афтад

"Ҳаҷми ҳадди ақали музди меҳнат дар Тоҷикистон аз 1 июл то 60% зиёд карда мешавад, нафақа-20%, идрорпӯлӣ-30 % изҳор дошт раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Паёми солона ба парлумони кишвар",-изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамин тавр маълум шуд, ки маоши кормандони ҳукуматӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то 15%, кормандони соҳаи маориф-20%, кормандони бахшҳои иҷтимоӣ-25% зиёд мешавад, илова кард ӯ.

Бояд қайд кард, ки дар умум барои ин амалиётҳо 1 миллиарду 323 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки бори охир музди меҳнат, нафақа ва кӯмакпулӣ дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2013 афзуда буд. Ваъдаи ҳукумат дар бораи боло бурдани он аз 1 сентябри соли 2015 бо сабаби нокифоя будани маблағи буҷаи ҳукумат иҷро нагардид.

Ҳамин тавр шурӯъ аз 1 июли соли равон маоши ҳадди ақал аз 250 сомонии ҳозира то 400 сомонӣ (60%) меафзояд.

 

Лентаи хабарҳо
0