ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Тайи се моҳи аввали соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон бо рубли русӣ тариқи низоми байнулмилалии пардохти "Юнистрим" ба андозаи 19% афзуд.
Дар иттилоъияи омории "Юнистрим" дар ин робита зикр мегардад, ки давоми моҳҳои январ-марти соли 2016 ҳаҷми муомилот бо рубл ҳудуди 50 млрд.-ро ташкил додааст, ки он дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 7% бештар буда, дар ин давра ҳаҷми афзоиши интиқоли маблағҳо ба хориҷи кишвар 11% афзудааст.
"Афзоиши нисбатан бештар дар ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия бо рубл дар кишарҳои зерини ИДМ ба қайд гирифта шудааст: Қирғизистон (+45%), Қазоқистон (+30%) ва Тоҷикистон (+19%)",- менависад манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми интиқоли пул ба кишварҳои хориҷи дур, аз қабили: Чехия (+300%), Туркия (+200%) ва Филиппин (+1300%) зиёд гардидааст.
Тибқи иттилоъи Бонки марказии Русия, семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба кишварҳои ИДМ тариқи низомҳои пардохт дар маҷмӯъ 914 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.