ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. "Студияи Павел Лунгин" филми "Бародарӣ"-ро (Братство) дар бораи ҷанги Афғонистон ба навор мегирад. Мавзӯъи асосии намоишнома "қаҳрамонии ғайрирасмӣ" мебошад, гуфт коргардони филм Павел Лунгин зимни ҳимояи лоиҳаи намоишнома.
Филм дар ҳудуи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисман дар Қирғизистон ба навор гирифта мешавад. Буҷаи умумии намоишнома 270 миллион рубли русиро ташкил медиҳад.
"Дар сарчашмаҳо ва сабтҳои генерал Ковалев, ки сардори гурӯҳи фаврии КГБ дар ҷанги Афғонистон буд, қиссае дар бораи қаҳрамонии ғайрирасмӣ ва зиндагии мардонаи комилан ноумедкунанда пайдо шуд ва ӯ бо ин қисса ба ман муроҷиат кард",-қайд кард Лунгин.
Ба қавли ӯ романе, ки дар асоси он сенарияи филм тартиб дода шудааст, "Афғонистонро на ба тавре, ки дар тасаввуроти мо нақш бастааст, нишон медиҳад".
"Дар рафти кор мавзӯъи қаҳрамонии ғайрирасмӣ пайдо шуд, чун дар намоишномаи "Онҳо барои Ватан ҷангиданд" (Они сражались за Родину), вақте ки дар рафти ҷанг дӯстӣ ва қаҳрамонии нотакрор пайдо мешавад",-илова кард коргардон.
Павел Лунгин ҳамчунин филмҳои "Олигарх", "Ҷазира" (Остров), "Ватан" (Родина) ва ғайраҳоро ба навор гирифтааст.