ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Далер Ёров, Тоҷиддин Валиев ва Малика Лагутенко дохил шуданд. Варзишгарони тоҷикистонӣ натавонистанд аз марҳилаи тахассусӣ гузаранд. Ба даври ниҳоӣ аз ҳар як бахш ҳашт нафарӣ баромада буданд, дар ҳар як бахш 110 нафар рақобат карданд.
Далер Ёров дар масофаи 10 м 610.2 имтиёз ба даст оварда дар ҷои 97-ум қарор гирифт, Тоҷиддин Валиев бо 607.2 хол дар ҳамин масофа мақоми 102-юмро соҳиб шуд, Малика Лагутенко бошад бо 403.8 имтиёз дар ҷои 120-ум қарор гирифт.
"Варзишгарон бояд даври тахассусиро бо хубӣ анҷом медоданд ва баъд ба даври ниҳоӣ, ки танҳо ҳашт нафар роҳ меёбанд, роҳхат мегирифтанд, мутаассифона ба тирандозони мо даст надод аз даври тахассусӣ гузаранд,-гуфт мураббӣ. —Агар дар бораи нақшаҳои оянда гӯем, дар моҳи июн баргузории қаҳрамонии ҷумҳуриявӣ дар назар аст. Дар баробари ин варзишгарони мо ба мусобиқаи "Кӯдакони Осиё", ки моҳи июли соли равон дар Ёқутистон доир мегардад, омодагӣ мебинанд".
Ёдовар мешавем, ки ҳайати мунтахаби миллииТоҷикистон оид ба тирандозӣ солҳои охир аз варзишгарони нисбатан ҷавон таркиб ёфтааст. Дар бораи ин сармураббии даста оид ба тирандозӣ Олег Набиев иттилоъ дод.