Хайрияи созмони туркии “Диалог” дар ҶТ: беш аз 175 ҳазор сомонӣ

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкПули ИМА. Акс аз бойгонӣ
Пули ИМА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба узвияти ин созмон дар Тоҷикистон асосан зиёиён ва мансабдорон шомил гардида, ҳаққулузвияти моҳонаи эшон 20 сомониро ташкил медиҳад.

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Соҳибкорони тоҷику турк беш аз 175 ҳазор сомонӣ ба ташкилоти байналмилалии авруоиёии «Дилаог»-и Туркия, ки дар Тоҷикистон фаъолият дорад, хайр кардаанд.

Тибқи иттилоъи Эмсал Коч, масъули ин созмон дар ҶТ, аъзоҳақии ин ташкилот, ки барои як нафар 20 сомонӣ муқаррар шудааст, ҳамагӣ 200 сомониро ташкил додаасту бас.

Дар ҷаласаи ҳисоботӣ-ҷамъбастии созмон, ки дар Душанбе сурат пазируфт, қайд гардид, ки тайи як соли ахир 22 ҳазор сомонӣ аз маблағи мазкур (аз 175 ҳазор сомонӣ- шарҳи идора) ба маоши моҳонаи кормандони ин ташкилот харҷ шудааст.

"Аъзои ин ташкилот, мутаассифона на ҳама тавонистаанд, аъзоҳақии созмонро пардохт кунанд" — мегӯянд, масъулини созмони мазкур.

Ба узвияти ин созмон дар Тоҷикистон асосан зиёиён  ва мансабдорон шомил шудаанд. Барои мисол Махфират Хидирова, муовини раиси вилояти Хатлон, Абдураҳмон Маҳмадов, директори Пажуҳишгоҳи фаласафа ва илоҳиётшиносии Академияи илмҳо, бисёри аз устодони донишгоҳҳо ва табибон ба ин созмон шомил шудаанд.

Ин ташкилот ба Фатҳуллоҳ Гюлен, раҳбари ҳаракати дар Туркия мамнуъи "Хизмет" тааллуқ дорад, ки дар Тоҷикистон солона то 20 китобу  мақолаҳоро нашр мекунад.

Лентаи хабарҳо
0