ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Омӯзишҳои вижа оиди бартарафсозии ҳолатҳои фавқуллода қабл аз баргузории нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), ки охирҳои моҳи июни соли ҷорӣ дар пойтахти Узбакистон доир хоҳад шуд, гузаронида мешаванд, иттилоъ медиҳад Sputnik Узбакистон бо такя ба дафтари матбуотии ВКД ҷумҳурӣ.
"Дар Тошканд аз ҷониби Идораи марказии ВКД ҳамроҳ бо якқатор вазоратҳои кишвар омӯзишҳои вижа оид ба бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқуллода гузаронида мешаванд",-омадааст дар иттилоия.
"Дар рафти омӯзиш тактикаҳои аксуламали якҷояи аз ҷониби мақомотҳои вижа, МЧС, вазорати тандурустӣ ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ анҷом дода мешаванд",-изҳор дошт намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тошканд. Омӯзишҳо то оғози ҷаласаи СҲШ давом карда, маълумоти пурра дар бораи онҳо дода намешавад.
Рӯзҳои истироҳатии ҳафтаи гузашта якқатор шоҳроҳҳои кӯчаҳои Тошканд, дар арафаи омодагӣ ба ҷласаи СҲШ ва гузаронидани омӯзиш баста шуда буданд.
Қаблан хабар дода шуд, ки ВКД-и Узбакистон ва мақомоти мубориза бар зидди терроризм барои таъмини амният дар давраи нишсти сарони СҲШ чорабиниҳои махсус доир хоҳад намуд.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон аъзои комилҳуқуқи СҲШ буда, Белорус, Муғулистон, Ҳиндустон, Покистон ва Афғонистон мақоми нозири созмонро дороанд. Дар аввоили моҳи июни соли равон раванди воридшавии Ҳиндустон ва Покистон ба СҲШ оғоз мегардад.
Макони ташкили нишасти сарони кишварҳои СҲШ аз шаҳри Уфаи Русия ба Узбакистон интиқол ёфт. Вохӯрии сарони кишварҳои СҲШ рӯзҳои 23 ва 24-уми июн дар Тошканд дар назар аст.