Алӣ Лориҷонӣ роҳбари муваққатии Маҷлиси Эрон интихоб гардид

© Sputnik / Сергей Мамонтов / Гузариш ба медиабонкТеҳрон. Акс аз бойгонӣ
Теҳрон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Эрон аснои суханронӣ дар парлумон аз оқои Лориҷонӣ барои пуштибонияш аз созиши ҳастаӣ ситоиш кард ва хостори ҳамкории бештари Маҷлис ва ҳукумат шуд.

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Раиси пешини Маҷлиси Эрон, Алӣ Лориҷонӣ рӯзи якшанбеи 29 май раиси муваққати парлумони ҷадиди ҷумҳури исломӣ интихоб шуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории "Форс".

"Ба ҷонибдории ӯ 173 вакили Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон овоз доданд. Рақиби Лориҷонӣ- номзади ислоҳотталабон Муҳаммад Ризо Ориф аз пуштибонии 103 вакил бархӯрдор шуд",- меафзояд манбаъ.

Ба иттилоъи манбаъ, раъйдиҳӣ барои раиси доимии Маҷлис рӯзҳои наздик баъд аз тасдиқи мандатҳои вакилони боқимондаи парлумон сурат мегирад. Маҷлиси Эрон дорои 290 курсӣ аст.

Парлумони нави Эрон, ки пас аз интихобот дар моҳҳои феврал ва апрел ташкил шудааст, рӯзи 28 май фаъолияти худро бо маросими савганд шурӯъ намуд.

Интихоботи парлумонӣ дар Эрон ҳамчун раъйдиҳӣ ба созиши ҳастаии кишвар бо шаш қудрати ҷаҳонӣ арзёбӣ мешуд. Ним сол баъд аз имзои ин созиш таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Теҳрон лағв шуданд.

Раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар суханронӣ дар парлумон аз Алии Лориҷонӣ барои пуштибонияш аз созиши ҳастаӣ ситоиш кард ва хостори ҳамкории бештари Маҷлис ва ҳукумат "барои ҳалли мушкилот ва бӯҳрон дар кишвар" шуд.

Лентаи хабарҳо
0