ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Ҷашнвора, ё Фестивали минтақавии футболи AFC бо ширкати 6 дастаи мунтахаби то 14-солаи кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар Академияи «Истиқлол»и Душанбе, дар Алмосии ноҳияи Ҳисор идома дорад.
Бар асоси қуръакашӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-14) нахустин бозиашро бо тими Афғонистон баргузор кард. Ин бозӣ субҳи 26 май сурат пазируфта, қабл аз бозӣ маросими ифтитоҳи ботантанаи Ҷашнвора доир гардид.
Футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии Носир Ҳамидов бозии дувумашонро бегоҳии рӯзи панҷшанбе бо тими Эрон баргузор мекунанд.
Бозиҳои Ҷашнвора аз рӯи системи даврӣ аз як давра иборат аст, яъне дастаҳо бо ҳамдигар як бозӣ анҷом медиҳанд.