ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Варзишгарони клуби варзишии "Таҷфайтер" Шоҳин Сафаров ва Шерзод Залиев дар риштаи муҳорибаҳои омехта дар мусобиқаи бонуфузи "Супер старт файт" ширкат варзида, ба дастовардҳои олӣ ноил гардиданд.
Мусобиқа дар шаҳри Харбини давлати мардумии Чин баргузор гардида, дар он ситораҳои ин навъи варзиш бо ҳам рақобат карданд. Тоҷикистонро дар ин чорабинии бонуфузи варзишӣ Шоҳин Сафаров ва Шерзод Залиев намояндагӣ карданд.
Онҳо ҳарифони пурқуввати чиниро мутаносибан бо нокаути техникӣ ва бо лат додани даст дучори шикаст намуда, бо дастовези шоиста ба Ватан баргаштанд.
"Ин ҳар ду варзишгари мо бо ташкилоти "ONE Championship" шартнома доранд ва ҳар дуи онҳо дар даври якум бар ҳарифони худ ғолиб омаданд, ки ин мувафақияти эшон боиси ифтихори мост",- иброз дошт президенти Федератсияи муҳорибаҳои омехта Аҳтам Хокиров. Варзишгаронро дар "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" мухлисону ҳаводорон, пайвандону наздикон ва намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ истиқбол караднд.