ВАО: ҳамкории Эрон бо Толибон барои ташкили минтақаи муҳофизатӣ

© AP / Hekmat AimaqҶангиёни Толибон. Акс аз бойгонӣ
Ҷангиёни Толибон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қайд мегардад, ки наздикшавӣ бо гурӯҳи радикалии Толибон ин тағйироти ногаҳонӣ дар сиёсати ҳукумати Эрон, ки қаблан ҳаракати радикалии Толибонро чун таҳдиди асосӣ қабул мекарданд, ба шумор меравад.

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Эрон бо гурӯҳи радикалии Толибон ба хотири ташкили минтақаи муҳофизатӣ дар сарҳад бо Афғонистон ва муҳофизати худ аз ворид шудани террористони "Давлати Исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ба кишвар ҳамкорӣ мекунад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба маҷаллаи амрикоии Foreign Policy.

Қайд мегардад, ки наздикшавӣ бо гурӯҳи радикалии Толибон ин тағйироти ногаҳонӣ дар сиёсати ҳукумати шиаи Эрон, ки қаблан ҳаракати радикалии толибонро чун таҳдид қабул мекарданд, ба шумор меравад. То давраи ворид шудани эътилофи байналмиллалӣ бо роҳбарии ИМА ба Афғонистон соли 2001 Эрон "Эътилофи Шимол",- душмани асосии он вақтаи "Толибон"-ро, бо яроқу аслиҳа таъмин менамуд.

Дар Эрон 53 нигаҳдори сомонаҳои ДИИШ-ро дастгир кардаанд

Айни замон ба назари Эрон "Толибон" дар қиёс бо гурӯҳи ҷиноии ДОИШ, ки тибқи маълумоти ҳукумати ИМА шумораашон дар Афғонистон ба се ҳазор нафар мерасад, ба амнияти кишвар камтар таҳдид мекунад, менависад нашрия.

Яке аз ҳамсӯҳбатони маҷаллаи Foreign Policy иттилоъ дод, ки минтақаи муҳофизатиеро, ки Эрон мехоҳад ташкил намояд, аз вилояти Гилменд шурӯъ шуда, то Қундузи шимоли Афғонистон тӯл мекашад. Қисми зиёди ин минтақаҳо таҳти назорати ҳаракати Толибон қарор дорад.

Сарчашмаҳои дигар хабар медиҳанд, ки Эрон аллакай ба гурӯҳи ҳаракати Толибони сарҳади ин кишвар кӯмаки молиявӣ мерасонад ва онҳоро бо яроқу аслиҳа таъмин менамояд.

Лентаи хабарҳо
0