ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо ҳунарманди мардумии Русия, роҳбари гурӯҳи "Любэ"-Николай Расторгеув вохӯрӣ баргузор намуд, иттилоъ медиҳад сафорати ҶТ дар Русия.
Дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро оид ба кӯмаки хайриявии байни ду кишвар баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи продюсерии Николай Расторгуев дар баробари ҳунарнамоӣ ҳамчунин ба ёри расонидан ба одамони эҳтиёҷманд ва кӯмаки хайриявӣ ба беморони вазнин машғул ҳастанд.
Ҳамин тавр бо дастгирии якҷояи сафорати ҶТ дар Русия даст дод, то ба ду муҳоҷири тоҷик барои табобат гирифтан ва анҷом додани ҷарроҳии қалб кӯмак расонида шавад.
"Кӯмаки шумо ба одамони мӯҳтоҷ нишонаи башардӯстии баланд мебошад ва бояд барои дигар ашхоси сарватманд, ки имконияти ёрӣ расониданро доранд намунаи ибрат бошад",-қайд кард Сатторов.
Дар анҷоми вохӯрӣ Расторгуев ба сафири Тоҷикистон дар Русия фиттаи албоми худро тӯҳфа намуд.