ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Дар рӯзҳои истироҳат дар пойтахти Тоҷикистон консертҳо ва маҳфилҳои ройгон доир мегарданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии шаҳрдории кишвар.
Чорабиниҳои фароғатӣ-фарғангӣ ба 25 солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешаванд.
Консертҳо ва маҳфилҳои фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони барҷаста рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ-"Дӯстии халқҳо", "Кӯли ҷавонон", "Боғи Рӯдакӣ" ва майдони 800-солагии Маскав баргузор мегарданд.
Ҷашни бузургтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 9 сентябр доир мегардад.
Қаблан иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба ҷашни истиқлолияти кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни "Соли эҳёи боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ" гузаронида мешавад.