Муҳассилини Тоҷикистон занги охиронро намешунаванд

© Sputnik / Евгений ЕпанчинцевЗанги охир. Акс аз бойгонӣ
Занги охир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири маориф ва илми ҶТ Нуриддин Саидов бо як қарор занги охиронро дар мактабҳои миёнаи кишвар, новобаста аз шакли ташкил ва тобеъияташон манъ кард. Қарори мазкур рӯзи чоршанбе дар сомонаи вазорат нашр шудааст.

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik.  Занги охиронро дар Тоҷикистон аллакай чанд сол боз "занги камолот" мегӯянд.

"Дар тамоми муассисаҳои таълимии миёнаи кишвар (новобаста аз шакли ташкил ва тобеъият) баргузор кардани чорабинӣ бахшида ба рӯзи хатми мактаб "занги камолот" барои хатмкунандагони синфи 9 ва 11 манъ карда мешавад",-омадааст дар қарори вазир.

Соли хониши имсола рӯзи 7 июн ба охир мерасад. Имсол дар ин рӯз дар тамоми мактабҳои кишвар дарс аз рӯи барномаи омӯзишӣ сурат мегирад, бидуни ҳама гуна чорабиниҳо.

Ҷавобгарии шахсӣ барои вайрон кардани қонун-гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳо бахшида ба "занги камолот", бар дӯши шӯъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ ва роҳбари синф вогузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0