Ҳамкориҳои Боку ва Душанбе боз ҳам тақвият меёбад

© Sputnik / Амир ИсаевШаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар анҷоми мулоқот ҳар ду ҷониб изҳори умедворӣ намуданд, ки муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳамаи соҳаҳо густариш ёфта, маҷрои нав касб мекунад.

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода бо Сафири Озарбойҷон дар ҶТ Аббосалӣ Карим- оғлу Гасанов мулоқот кард.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии палатаи поёнии парлумон, дар ҷараёни нишаст масоили марбут ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла муносиботи байнипарлумонӣ, ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ ва дигар мавзӯоти мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо муҳокима шуданд.

"Бо таъйин шудан ба  симмати Сафири фавқулода ва мухтори Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ  Карим-оғлу Гасанов  раванди муносиботи Душанбе ва Боку ба марҳилаи тоза ворид гардида, тамоюли рӯ ба рушдро касб намуд", —иброз дошт бону Қурбонзода.

Ба қавли ӯ, миёни оҷикистон ва Озарбойҷон фазои мусоиди қонуниву ҳуқуқӣ ва сармоягузорӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо вуҷуд дорад ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош мекунад, ки фазои аз ин ҳам беҳтари қонуниву ҳуқуқиро барои густариши муносиботи дуҷониба фароҳам биёрад.

Ҳамзамон, дипломати озарӣ Аббосалӣ Карим-оғлу Гасанов изҳор дошт, ки ӯ ба мардум ва миллати тоҷик назари нек дорад ва ба ҳайси сафири кишвараш дар Душанбе аз тамоми имконот ва маҳорату дониши худ барои таҳкими ҳамкории мамлакаташ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0