ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббии нави даста Ҳаким Фузайлов омодагиро ба бозиҳои плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 ба муқобили тими Бангладеш шурӯъ намуд, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
"Дар ин рақобат, ки дар чорчуби бозии марҳилаи плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 сурат мегирад, сармураббӣ 29 бозингар — 4 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро шомил кардааст",- меафзояд манбаъ.
Ҳамзамон, дар рӯйхат се легионер — дарвозабони дастаи "Олой"-и шаҳри Ӯши Қирғизистон Абдуазиз Маҳкамов, ҳимоятгари тими "Газовик"-и Оренбург Фарҳод Восиев ва ҳамлагари тими "Динамо"-и Брест Ҷаҳонгир Эргашев шомил шудаанд.
Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон рӯзи 26 май, пеш аз бозӣ бо тими Бангладеш бо мунтахаби легионерҳои бошишгоҳҳои футболи лигаи олии кишвар бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.
Бозии аввали тими миллии Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Бангладеш дар плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 рӯзи 2 июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 ва бозии ҷавобӣ 7 июн дар Варзишгоҳи миллии "Бангабанду" дар Дакка соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ (16:00 ба вақти Душанбе) шурӯъ мешаванд.
Баъди нокомиҳои зиёди яккачини кишвар ва истеъфои Муҳсин Муҳаммадиеву аз вазифа сабукдуш шудани ҳайти мураббиён бо роҳбарии Мубин Эргашев, ин нахустин рақобати мунтахаби кишвар зери сармураббии нав Ҳаким Фузайлов хоҳад буд.