Владимир Колоколтсев бо медали “Милитсияи Тоҷикистон” қадрдонӣ шуд

© Фотохост-агентство / Гузариш ба медиабонкВазири умури дохилии ФР Владимир Колоколтсев. Акс аз бойгонӣ
Вазири умури дохилии ФР Владимир Колоколтсев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷараёни нишаст дурнамои ҳамкориҳои муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия барои соли оянда баррасӣ гардида, аз ҷониби роҳбарони ҳар ду вазорот тасдиқ гардиданд.

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Бо фармони Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон оқои Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия барои саҳми арзанда гузоштан дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба бо медали "Милитсияи Тоҷикистон" мукофотонида шуд.

Зимнан, вазири умури дохилии Федератсияи Русия ҳамтои тоҷикаш- Рамазон Раҳимзодаро барои кумак дар кушодани ҷинояти куштори Андрей Гошт, корманди мақомоти корҳои дохилии ин кишвар ва аҳли оилаи ӯ дар вилояти Самара бо медали "Барои ҳамбастагии низомӣ" (За боевое содружество) қадрдонӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия барои иштирок дар ҷаласаи 18-уми Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия дар Душанбе қарор дорад.

Ин нишаст рӯзи гузаштаи 23-юми май дар бӯстонсарои Ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуда, дар он  масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар зимни ошкор ва тафтиши ҷиноятҳои вазнин ва махсусан баррасӣ гардид.

Ҳамзамон, дар ҷараёни ҷаласа дурнамои ҳамкориҳои муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия барои соли 2017 баррасӣ гардида, аз ҷониби Вазирони ҳар ду кишвар тасдиқ карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0