ДУШАНБЕ, 24 май-Sputnik. Мувофиқи назарсанҷии Sputnik.Мнения, наздики нисфи аврупоиён-49% бар чунин назаранд, ки Туркия ё умуман ба ИА ворид намешавад, ё баъди 10 сол ворид мешавад. 58% шаҳварндони Олмон, 55%-и аҳолии Фаронса ва 33%-и сокинони Британия дар чунин назаранд. Назарсанҷӣ аз ҷониби ширкати пажӯҳишии британиявии Populus ва ширкати тадқиқотии фаронсавии Ifop бо дархости оҷонсии хабаргузорӣ ва радиои Sputnik гузаронида шудааст.
Ба саволи "ба назари шумо Туркия кай ба ИА ворид мешавад", танҳо 17%-и шаҳрвандони Фаронса, 27%-и сокинони Олмон ва 38%-и аҳолии Британия посух доданд, ки дар 10 соли наздик. 29%-и шаҳрвандони Британия, 28%-и сокинони Фаронса ва 15%-и аҳолии Олмон натавонистанд ба савол посух гӯянд.
Назарсанҷӣ дар Британия аз ҷониби ширкати бузурги пажӯҳишии Populus аз 15 то 21-уми апрели соли 2016 гузаронида шуд. Дар Фаронса ва Олмон аз ҷониби ширкати тадқиқотии фаронсавии IFop аз 14 то 18-уми апрели соли 2016 гузаронида шуд. Аснои пурсиш дар Британия (1045 наф.), Олмон (989 наф.) ва Фаронса (1008 наф.), ки синну соли мухталиф ва касбу кори гуногун доранд, пурсида шудаанд.
Маълумот дар бораи лоиҳаи "Sputnik.Мнения"
Лоиҳаи байналмиллалӣ оиди тадқиқот ва омӯзиши афкори омма моҳи январи соли 2015 шурӯъ шуд. Шарикони ин лоиҳа ширкатҳои тадқиқотии бонуфузи Populus ва Ifop мебошанд. Дар доираи лоиҳаи Sputnik.Мнение. мунтазам пурсишномаҳо бо мақсади омӯзиши афкори омма оид ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар мамлакатҳои Аврупо ва ИМА гузаронида мешавад.
Sputnik (sputniknews.com) хабаргузорӣ ва радио аст, ки бо бахшҳои чандрасонаӣ ва иттилоотӣ дар даҳҳо кишвар фаъол мебошад. Ба "Sputnik" сайтҳо, пахши рақамӣ ва анъанавии радио, нармафзорҳои мобилӣ ва сафҳаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ таалуқ доранд. Барои обуначиён хабарҳои Sputnik ба таври шабонарӯзӣ бо забонҳои англисӣ, арабӣ ва испониву чинӣ ба нашр мерасанд.