ВКД: ҳалокати як нафар бар асари лағжиши куҳпора дар Суғд

© Sputnik / Руслан КривобокСангҳои кӯҳӣ. Акс аз бойгонӣ
Сангҳои кӯҳӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони базаи сайёҳии ҶДММ “Комил-2010” онҳоро аз зери хокпора берун карда, ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ месупоранд.

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Дар шимоли Тоҷикистон аснои лағжиши куҳпора як нафар ба ҳалокат расида, як тани дигар маҷруҳ шудааст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури дохилӣ.

Ин ҳодиса пас аз зуҳри рӯзи 22 май дар шаҳри Гулистон (қаблан Қайроққум) ба вуқӯъ пайвастааст.

"Сокинони шаҳри Хуҷанд- Ф.Раҷабови 23-сола ва А.Шарифови 31-сола, дар обанбори "Баҳри Тоҷик"-и шаҳри Гулистон дар мавзеи сайёҳии ҶДММ "Комил-2010" бо мақсади истироҳат намудан ҷои манъшуда, зери куҳпораҳоро интихоб менамоянд",- менависад манбаъ. 

Гуфтанист, дар пайи боронҳои пай дар пайи рӯзҳои ахир замин намнок шуда, лағжиши куҳпора ба амал меояд ва ин ду нафар зери сангу хок мемонанд.

Кормандони базаи сайёҳии ҶДММ "Комил-2010" онҳоро аз зери хокпора берун карда, ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ месупоранд. Дар натиҷаи ҳодиса Ф.Раҷабов ба ҳалокат расида, А.Шарифов бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаи шаҳри Хуҷанд бистарӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0