Раъйпурсии умумихалқӣ дар биноҳои сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Чин, Олмон, Қазоқистон, Эрон, Британия, ИМА ва дигар мамлакатҳо баргузор гардид.
Рӯзи якшанбе дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Мувофиқи тағйиру иловаҳо президенти кунунии кишвар метавонад бемаҳдудият номзадии худро ба мақоми президентӣ гузорад, синну соли номзадӣ ба мақоми президентӣ то 30 сол поён оварда шуда, фаъолияти ҳизбҳое, ки дар асоси дину мазҳаб ташкил шудаанд, манъ карда мешавад.
Зиёда аз 94% раъйдиҳандагон овози худро ба ҷонибдории ворид намудани тағйиру иловаҳо доданд.

Раъйпурсии умумихалқӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ низ баргузор гардид. Дар акс ҳавзаи интихоботӣ дар Лондон.

Ҳавзаи интихоботӣ дар Исломобод (Покистон).

Донишҷӯёни тоҷик дар Малайзия дар интихобот иштирок карданд.

Муҳоҷирони тоҷик дар Маскав ба ҳавзаи интихоботӣ ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия наздик мешаванд.

Тоҷикистоние дар ҳавзаи интихоботӣ дар Шветсария ҳангоми овоздиҳӣ.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми овоздиҳӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонун дар Берлин.

Дар Дубай чун дар дигар ҳавзаҳои интихоботӣ барои раъйдиҳандагон ғизо пешниҳод карда шуд.

Дар ҳафзаи интихоботӣ дар Тошканд мардуми зиёд ҷамъ омада буд.

Ҳавзаи интихоботӣ дар Сеул (Кореяи Ҷанубӣ).

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботӣ дар Киев.

Ҳавзаи интихоботӣ дар Миср.

Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни кишвар дар Вашингтон (ИМА)баргузор гардид.

Ҳавзаи интихоботӣ дар Кобул (Афғонистон).

Ҳавзаи интихоботӣ дар Анқара (Туркия).

Раъйпурсии умумихалқӣ дар Ҳиндустон.

Раъйпурсии умумихалқӣ дар - Абу-Заби.

Ҳавзаи интихоботӣ дар Ашқобод (Туркманистон).