ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Дар шаҳри Йонини Кореяи Ҷанубӣ Рӯзи синамои тоҷик баргузор гардид.
Чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯёни тоҷик, ки дар факултаи муносибатҳои байналмиллалии донишгоҳи Кангнам таҳсил мекунанд ташкил карда шуд.
Ба донишҷӯёни кореягӣ филми давраҳои советии "Рустам ва Сӯҳроб", ки соли 1971 ба навоб гирифта шуда буд, намоиш дода шуд.
Ба фикри донишҷӯёни тоҷик чунин чорабиниҳо баро шинос намудани халқҳои дигари мамлакатҳои дунё бо фарҳанги Тоҷикистон мусоидат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки филми "Рустам ва Сӯҳроб" дар заминаи достони "Шоҳнома"-и Абулқосим Фирдавсӣ соли 1971 таҳия шудааст. Коргардони филм Борис Кимёгаров буда, худи ҳамон сол ӯ филми дигарро таҳти унвони "Достони Рустам" низ таҳия карда буд. Дар баробари ин филмҳои "Ливои оҳангар" ва "Достони Сиёвуш" низ таҳти коргардонии Борис Кимёгаров ба навор гирифта шудаанд.