Даргирӣ дар Фарёби Афғонистон 10 қурбонӣ дар пай дошт

© Sputnik / Александр Гращенков / Гузариш ба медиабонкАфғонистон. Акс аз бойгонӣ
Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Манбаъ таъуид мекунад, ки ҳоло як воҳиди низомии давлатӣ миёни ин ду гуруҳ мустақар шуда ва онҳоро намегузорад бо ҳам даргир шаванд.

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Муқовимати низомӣ миёни гуруҳҳои Абдурашиди Дӯстум ва Салоҳиддини Раббонӣ дар вилоятҳои Фарёб ва Балхи Афғонистон мунҷар ба марги 10 нафар гардид, иттилоъ медиҳад "Афганистан.ру".

Ба навиштаи ин пойгоҳи хабарӣ, даргирӣ рӯзи чоршанбе ба вуқӯъ пайваста он боиси вокуниши сареъи Ато Муҳаммади Нур, волии Балх ва Сайид Анвар Содот, волии Фарёб дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.

Оқои Ато Муҳаммади Нур дар саҳифаи фейсбукии  худ хитоб ба роҳбарони Ҳукумати ваҳдати миллӣ навиштааст, ки: "Мо дар чанд ҷабҳа биҷангем?".

Волии Балх инчунин нерӯҳои мансуб ба Абдулрашиди Дӯстумро ба ташаннуҷи авзоъ дар минтақа муттаҳам кард ва навишт, дар ҳоле ки нерӯҳои Ҷамъияти исломӣ саргарми мубориза бо "Толибон" дар Фарёб ҳастанд, дар муноқишаи  шаби гузашта ба иловаи "Толибон" фармондеҳоне аз ҷунбиши миллӣ низ бар манотиқи генерал Форуқ Қотеъ, аз гуруҳи  аршади Ҷамъияти Исломӣ ҳамла карданд. Сайид Анвар Содот бошад, гуфтааст, ки ҷанг фақат миёни ду фармондеҳ рух дод.

Вай ҳамчунин тайид кард, ки дар ин даргирӣ аз ду ҷониб даҳ нафар кушта шуданд. Ба гуфтаи Содот ин гуна даргириҳо дар гузашта ҳам дар қаламрави дур аз вилоёт миёни нерӯҳои Ҷамъияти Исломӣ ва Ҷунбиши исломӣ рух медоданд.

Лентаи хабарҳо
0