ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, марди 40-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Зеҷи вулусволии Ишкошим ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир карда шуд.
Ба иттилоъи Вазорати умури дохилаи кишвар, гумонбар дар вақти убури сарҳад дар байни деҳаҳои Шанбердӣ ва Қозидеҳ дастгир гардида, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтааш 19 килою 790 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.
Дар нисбати дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Ҳафтаи қабл хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ бо кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашаъовар Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвози ВМКБ амалиёти махсуси муштарак анҷом дода, шаҳрванди Афғонистон Абдулбоқӣ валади Ҳоҷиро боздошт карданд, ки бо худ тақрибан 18 кг маводи нашъовар дошт.
Аз ӯ 9 кг маводи мухаддири афюн ва 9 кг маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.