Бонки ҷаҳонӣ дар тармиму таҷдиди НБО-и Норак саҳм мегузорад

© Commons.wikimediaБинои бонки ҷаҳонӣ дар Вашингтон. Акс аз бойгонӣ
Бинои бонки ҷаҳонӣ дар Вашингтон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарор аст ба ҷуз Бонки ҷаҳонӣ дар лоиҳаи таъмиру таҷдиди НБО-и Норак инчунин, Бонки осиёгии рушд, Бонки осиёгии сармоягузориҳои зербиноӣ, Бонки авруосиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва Бонки исломии рушд низ саҳм гузоранд.

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи таъмири неругоҳи барқи обии Норакро маблағгузорӣ хоҳад кард.

Намояндагони ин бонк дар як мулоқот бо масъулини Вазорати молия дар шаҳри Душанбе далелҳои қавии лоиҳаи таъмиру таҷдиди нерӯгоҳи Норакро дархост кардаанд.

Бонки ҷаҳонӣ: 15% ҷавонони тоҷик корҷӯ нестанд

Тавре Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқоти Абдусалом Қурбониён, вазири молия бо Ранҷит Ламек, роҳбари намояндагони Бонки ҷаҳонӣ маблағгузории лоиҳаи таъмиру таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии Норакро баррасӣ гардид.

Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо дар бораи дурнамои рушд ва нақшаи амалисозии лоиҳаи мазкур ва саҳми ташкилотҳои молии байнулмилалӣ табодули афкор намуданд.

Дар назар аст, ки ба ғайр аз Бонки ҷаҳонӣ дар лоиҳаи таъмиру таҷдиди НБО-и Норак инчунин  Бонки осиёгии рушд, Бонки осиёгии сармоягузориҳои зербиноӣ, Бонки авруосиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва Бонки исломии рушд низ саҳм гузоранд.

Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе дархост кардаанд, ки тамоми ҷузъиёти арзишу таъмири НБО Норак асоснок карда шавад. Дар назар аст, ки маблағгузорӣ дар ин лоиҳа марҳила ба марҳила сурат гирад.

Нерӯгоҳи барқи обии Норак  бузургтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон буда, зиёда аз 70 фоизи нерӯи барқи Тоҷикистон дар он истеҳсол мешавад.

Лентаи хабарҳо
0