Вазири умури дохилии Русия Владимир Колоколтсев ба Тоҷикистон меояд

© Sputnik / Александр Астафьев / Гузариш ба медиабонкВазири Вазорати корҳои дохилии ФР Владимир Колоколсев.Акс аз бойгонӣ
Вазири Вазорати корҳои дохилии ФР Владимир Колоколсев.Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад, ки дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои дохилаи ду кишвар қазияи марбут ба гӯристони мавсум ба "Хованское"-ро баррасӣ намоянд.

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Қарор аст рӯзи 23-юми майи соли равон дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои муштараки вазоратҳои умури дохилии Тоҷикистону Русия баргузор гардад.

Тибқи иттилоъи расмӣ дар кори ҷаласа ширкати вазири умури дохилии Федератсияи Русия генерали пулис Владимир Колоколтсев низ дар назар аст.

Дар назар аст, ки ҷонибҳо масоили ҳамкориҳо дар бахши ҳифзи ҳуқуқ, мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккил, роҳҳои ҷилавгирӣ аз терроризму экстремизм ва пешгирии рушди фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпешаро муҳокима намоянд.

Гуфта мешавад, масъулини баландпояи сохторҳои қудратии ду кишвар қазияи марбут ба қабристони "Хованское"-и шаҳри Маскавро мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор дода, дар мавриди он қарори дахлдор қабул хоҳанд кард.

Ёдрас менамоем, рӯзи 14 май дар гӯристони "Хованское"-и пойтахти Русия занозании гуруҳӣ ба вуқӯъ пайваст. Мувофиқи маълумотҳо дар он аз 200 то 500 нафар иштирок карда, зимни он 3 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид.

Аснои амалиёти вижаи пулис беш аз 100 нафар дастгир гардида, баррасии қазия алъон идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0