Нашри “Газета”-и Шарифзода дар Душанбе

© Sputnik / Юрий Сомов / Гузариш ба медиабонкНуқтаи рӯзномафурӯшӣ. Акс аз бойгонӣ
Нуқтаи рӯзномафурӯшӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Китобҳои “Асосҳои ҳамкории иҷтимоӣ” , “Аввалин рӯзномаи тоҷикӣ” ва “Мушкилоти озодии сухан” низ ба қалами ин муаллиф таалуқ доранд.

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Китоби нави устоди факултети журналистикаи ДМТ Қироншоҳ Шарифзода таҳти унвони "Газета (рӯзнома) дар Душанбе ба табъ расида, дастраси хонандагон гардид.

Дар ин асар маълумотҳо доир ба пайдоиш, таҳаввул ва таъиноти газета ҳамчун воситаи қадимтарини ахбори омма ва таснифоти навъу намудҳои он дар марҳилаи кунунии рушди воситаҳои ахбори омма ҷой дода шудааст.

"Дар иртибот ба истилоҳи «газета» афзалият додан ба хотири пешгирӣ аз баҳси эҳтимолӣ ва ҳатто айбдоркунии муаллиф барои "нописандӣ" истилоҳи мавҷудаи "рӯзнома" бояд гуфт, ки новобаста аз хоҳиши мову шумо, дар навиштаҳои илмию оммавӣ ва ҳам дар гуфтугӯи ҳамарӯза "газета" серистеъмолтару фаҳмотар буда, ҳукми воқеият дорад",- навиштааст муаллиф дар оғози китоб.

Китоб - Sputnik Тоҷикистон
Китоби нави Баҳманёр бо номи “Турфаҳо” нашр шуд

Китоби "Газета (рӯзнома) маҳсули мушоҳидаву бардошти шахсии муаллиф дар тӯли солҳои зиёди фаъолият дар матбуоти даврӣ ва қиёси назарияи журналистика бо амалкарди воқеии он буда, мувофиқ ба фаҳму дарки донишҷӯёни факултетҳои журналистика, инчунин барои истифодаи дастандаркорони нашрияҳо ва алоқамандони рӯзноманигорӣ таҳия шудааст. 

Асари ҷадиди Қироншоҳ Шарифзода аз ҷониби муассисаи нашриявии "Ирфон" бо теъдоди 300 нусха ба табъ расидааст.

Ба қалами Қироншоҳ Шарифзода китобҳое аз қабили "Асосҳои ҳамкории иҷтимоӣ ", "Аввалин рӯзномаи тоҷикӣ", "Мушкилоти озодии сухан низ мутаалиқанд.

Лентаи хабарҳо
0