ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Дмитровскийи вилояти Маскав ду сокини Тоҷикистон-Насим Сатторов ва Баҳриддин Мирзоалиевро бо ҷурми интиқол ва фурӯши нашъа ба 7 соли зиндон маҳкум кард.
Тибқи иттилоъи расмӣ, тафтиши парванда собит кардааст, ки ин ду нафар бо шарикони худ дар шаҳри Дмитровский ва навоҳии дигари вилояти Маскав ба миқдори зиёд ҳероинро ба фурӯш расондаанд.
Манбаъ меафзояд, ҳанӯз моҳи январи соли равон Насим Сатторов ва Баҳриддин Мирзоалиев аз ҷониби кормандони Хадамоти федероли назорат бар маводи мухаддири Русия боздошт ва аз онҳо 2,5 кило ҳероин мусодира шудааст.
"Муттаҳамон муддати адои ҷазоро маҳбаси низомаш шадид сипарӣ хоҳанд кард",- омадааст дар иттилоъияи додгоҳи Дмитровский.
Чанде қабл бо чунин иттиҳом ду сокини дигари Тоҷикистон Сайфиддин Бобоев ва Муҳибулло Қурбонов мутаносибан ба 16 ва 15 сол зиндон маҳкум шуда буданд.