Ҳавопаймои гумшудаи EgyptAir бонги изтироб дод

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкДар идораи диспечирӣ. Акс аз бойгонӣ
Дар идораи диспечирӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи маълумоти гурӯҳи амалиёти ҷустуҷӯии Миср ҳовапаймои гумшуда субҳи саҳарӣ сигнали изтироб дода буд. Алоқаи охирин бо ҳавопаймо пеш аз 10 диқақаи ғайбзанӣ барқарор шуда буд.

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Системаҳои автоматии ҳавопаймои A320 EgyptAir соати 04.26 бо вақти Қоҳира бонги изтироб додааст, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба Вазорати авиатсияи Миср.

Маълумот дар бораи сигнал додани ҳавопайпо ҳангоми ҷустуҷӯи  гурӯҳи амалиёти ҷустуҷӯии Миср маълум гардид.

Қаблан хабар дода шуд, ки экипажи ҳавопаймо дар бораи мушкилот ҳангоми парвоз хабар надода буд.

Алоқаи охирин бо ҳавопаймо пеш аз 10 диқақаи ғайбзанӣ барқарор шуда буд.

Фурӯдгоҳи Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳавопаймои гумшуда, ки аз Порис ба Қоҳира парвоз мекард ба баҳр афтод

Қаблан хабар дода шуд, ки ҳавопаймои мусофиркаши марбут ба ширкати Egyptair, ки дар хатсайри Порис-Қоҳира парвоз мекард аз хатти назоратӣ ғайб зад.

Дар дохили ҳавопаймои A320 наздики 66 нафар қарор дошта ҳавопаймо аз фурӯдгоҳи Шарл-де-Гол парвоз кард.

Ширкати ҳавопаймоии EgyptAir барои таҳқиқи ҳодиса ҳайати амалиёти зудамал, ки аз намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии гуногун иборат аст ташкил дод.

Лентаи хабарҳо
0