Тоҷирони турку тоҷик дар Душанбе гирдиҳам меоянд

© AP / Hussein MallaШаҳри Истамбул. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Истамбул. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рушди минбаъдаи бахшҳои алоҳидаи иқтисоду саноат аз тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба вобаста аст.

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Ҳамоиши доираҳои тиҷҷории соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия фардо дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ба иттилоъи Мукаммал Раҷабӣ, роҳбари дафтари матбуотии Палатаи савдо ва саноати ҶумҳурииТоҷикистон, Ассамблеяи содиркунандагони Туркия ва Сафорати Туркия дар Тоҷикистон муштаракан бо сохтори онҳо аз созмондиҳандагони ин ҳамоиш мебошанд.

Сабзиҷот - Sputnik Тоҷикистон
Таҳримҳои Русия боиси поинравии арзиши маҳсулоти Туркия то 40% шудааст

"Тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Туркия аз ҳадафҳои асосии ҳамоиши тиҷоратӣ маҳсуб мешавад",- илова кард ӯ.

Гуфта мешавад, дар доираи баргузории ҳамоиш доираҳои тиҷоратии ду кишвар масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкорӣ дар башхҳои иқтисодӣ, аз ҷумла коркарди меваю сабзавот, масолеҳи сохтмонӣ, техникаи кишоварзӣ, гӯшту шир, равғани зайтун, масолеҳи кимиёвӣ, бахши обёрӣ, ғизо, маҳсулоти қаннодӣ, оҳан ва пӯлод, гармхонаҳо, чӯб ва маҳсулоти чӯбину ғайраро ба баррасӣ мегиранд.

Лентаи хабарҳо
0