КТ мехоҳад, ки шоҳидони ҷанги Хованское барои тафтишот кӯмак расонанд

© Sputnik / Михаил ФомичевНамояндагони ҳифзи ҳуқуқ зимни тафтишот. Акс аз бойгонӣ
Намояндагони ҳифзи ҳуқуқ зимни тафтишот. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи Кумитаи тафтишоти Русия Владимир Маркин қайд намуд, ки наворҳои дар телефонҳои мобилӣ сабт шуда ва аз тариқи камераҳои баҷоӣ гирифташуда барои тафтишот хеле муҳим аст.

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Кумитаи тафтишот аз шоҳидони задухӯрди Хованское хоҳиш кард, то барои бурдани тафтишот ва аниқ намудани ҳодисоти ин ҷанг ёрӣ расонанд, иттилоъ дод намояндаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия Владимир Маркин.

"Сабтҳои видеоии шоҳидон ва камераҳои пӯшида барои аниқ намудани парванда ва исбот кардани гунаҳкорон хеле муҳим аст. Аз нафароне, ки дар задухӯрди қабристони Хованское шоҳиди ҳол буданд хоҳиш мекунем, ки ба рақамҳои: 8(495)694-94-10, 694-92-78, 694-83-81 занг зананд. Махфӣ мондани ному насаб кафолат дода мешавад"-изҳор дошт Владимир Маркин.

7 шаҳрванди Тоҷикистон баъди ҷанг аз ФР берун карда шуданд

Ёдовар мешавем, дар гӯристони мавсум ба "Хованское"-и пойтахти Русия рӯзи шанбе занозании гуруҳӣ ба вуқӯъ пайваст. Мувофиқи маълумотҳо дар он аз 200 то 500 нафар иштирок кардаанд. Аснои амалиёти пулис беш аз 100 нафар дастгир гардиданд.

Бар асари ин муноқиша се нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳамаи онҳо шаҳрвадони Тоҷикистон, сокинони шаҳри Роғун мебошанд. Инҳо: Хушаков Суҳроб Таваралиевич соли таваллудаш 1990, Ризоев Иноят Қаноатович, соли таваллудаш 1977 ва Собиров Сайнуриддин Нозилович, соли таваллудаш1974 буданд.

Лентаи хабарҳо
0