ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Дар шаҳри Турсунзода як марди 29-сола худро корманди милиса муаррифӣ карда, бо роҳи тарсонидан аз сокинон пул мегирифтааст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКД.
Гуфтанист, ин мард тариқи шабакаи Интернет бо зани 25-солаи сокини шаҳри Турсунзода шиносоӣ пайдо намуда, аз ӯ хоҳиш намудааст, ки расми бадани урёни худро ба ӯ ирсол намояд.
Манбаъ мегӯяд, баъдан ин мард худро корманди милитсия муаррифӣ карда, бо роҳи тамаъҷуӣ ва таҳдиди бе обрӯ кардан аз ӯ як гарданбанди тиллоӣ ва телефони мобилии тамғаи "Нокиа", ҷамъ ба маблағи 3300 сомониро талаб карда гирифтааст.
Инчунин ӯ такроран зани 25-соларо бо роҳи фиреб ба осоишгоҳи "Қаратоғ"-и шаҳри Турсунзода бурда, бо ӯ рафторҳои бадахлоқона намуда, бо телефони мобилии шахсиаш ба навор гирифта, бо роҳи тамаъҷӯӣ ва таҳдиди беобрӯ кардан аз ӯ 1050 сомониро талаб кардааст.
Дар қиболи боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиши он давом дорад.